(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД - 19, огоҳинадани ҷавонону сокинон аз хатарҳои бемории сироятӣ ва зарурати гирифтани ваксина дар доираи нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Ҳама ваксина мегирем, то солим бимонем" баргузор гардид.

Аксия дар ҷойхои аҳолинишин, бозорҳо, марказҳои савдо гузаронида шуда, дар он зиёда аз 300 варақаҳои иттилоотӣ байни аҳолӣ тақсимот карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд