(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altCубҳи имруз низ бо мақсади ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурўши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сурат гирифт. Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзон маҳсулотҳо пешкаш карда шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни ташкили ярмарка боздид намуданд.

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаҳо дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, тухм, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуда буд.

Масалан як кило гўшти гов 55 сомонӣ, гўшти гўсфанд 60 сомонӣ, як халтаи орди 50 килоӣ 235-240 сомонӣ, як дона тухм 70 дирам, як килои картошка 2-2 сомонию 80 дирам, пиёз 1 сомонию 70 дирам, моҳӣ 20 сомонӣ, биринҷ 7-8 сомонӣ, себ 3-7 сомонӣ, каду 2 сомонӣ, 5 литр равған 90 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид таъкид кард, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро арзонтар аз бозор дастрас намоянд. Ҳамзамон ба масъулин барои фаровоннамоии маҳсулоти ярмарка ва дар сатҳи баланд гузаронидани он бо назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда то анҷоми ярмарка супоришҳои мушаххас дода шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд