(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Хучанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футзал ҷамбаст гардид.

Мусобиқа аз 6 декабр оғоз гардида, дар он дастаҳои ташкилоту идорахо иштирок намуданд.

Бояд кайд намуд, ки футболбозон дар ҳайати 8 даста ба ду гуруҳ ҷудо гардида, байниҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа дар толори варзишии "Қасри варзиш" - и шаҳри Хуҷанд доир гардида, он дар 3 давр гузаронида шуд.

Дар бозии финалии мусобиқа дастаи Меҳри Чай ва Мусаффо байни ҳам қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа бо хисоби 9:1 дастаи Меҳри Чай ғолиб дониста шуд ва соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд гардид. Ҳамчунин ҳайати тадорукот бехтаринҳоро муайян намуд, ки он дарвозабони беҳтарин Ҳазратқулов Хуршед дастаи Мехри Чай, бозингари беҳтарин Ҳасанов Фаридун дастаи Мусаффо ва нишонзани беҳтарин Ҳасанов Музафар аз дастаи Меҳри Чай дониста шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Бокизода баромад намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Варзишгарон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гардидаанд, ки боиси ифтихор мебошад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорон бо Ҷом, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд