(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар толори гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии олимпиадаро муборакбод намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мактабу маориф, илму маърифат, таълиму тарбия ба ҳамагон мисли офтоб равшан аст. Зеро илму маориф омили асосии саодати миллат ва бақои ҷовидонагии халқу давлат аст.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи фармоиши шуъбаи маорифи шаҳр олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар ду марҳила доир гардид. Марҳилаи якум дар гимназияи №4 ва марҳилаи дуюм дар гимназияи №24 натиҷагирӣ шуд.

Дар Олимпиада байни синфҳои 5-11 аз фанҳои таълимӣ зиёда аз 2000 нафар толибилмон донишу истеъдоди худро санҷиданд. Шартҳои олимпиада аз корҳои хаттӣ, ҳалли масъалахои тестӣ, кор бо луғат ва ғайра иборат буданд ва толибилмон донишу истеъдоди худро аз рӯи 13 фаннҳои таълимӣ тибқи Низомнома санҷиданд.

Ҳамин тавр, аз синфҳои 5-11 ҳамагӣ 313 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки 178 нафар аз фанҳои гуманитар ва 135 нафар аз фанҳои дақиқ мебошанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, ба донишу истеъдоди толибилмон баҳои арзанда ва воқеӣ дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Сипас, аз тарафи Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври шаҳрии олимпиада диплом ва сипосномаҳои шуъбаи маорифи тақдим карда шуд.

Интизор меравад, ки моҳи январи соли 2022 дар олимпидаи вилоятии наврасон 313 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд иштирок хоҳанд намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд