(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt3 нафар хонандаи синфи 10 -уми Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз миёни 5 000 нафар довталабони озмуни байналмилалӣ соҳиби 220 ҳазор доллар грант барои омӯзиш гардид. Тибқи иттилоъи директори ин муассисаи таълимӣ Хуҷанд Сурайё Неъматова муҳассилини литсей: Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев, ки дар олимпиадаи сатҳи ҷаҳонии MATH-CHALLANGE 2021 дар кишвари Таиланд аз фанни математика бо забони англисӣ сурат гирифт, иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд ва соҳиби Шоҳҷоизаи озмун - гранти омузишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки гранти омӯзишии мазкур дар умум 220 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, он ба 3 хонандаи литсей: Алиҷон Усмонов 80 ҳазор доллар грантӣ омӯзишӣ, Абӯбакр Комилов 80 ҳазор доллар гранти омӯзишӣ ва ба Аслан Насратшоев 60 ҳазор доллар грантӣ омӯзишӣ аз ҷониби Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ ихтисос дода шудааст ва ин амр имкон медиҳад ин 3 хонандаи литсей тӯли 4 сол ройгон дар Донишгоҳи бонуфузи Амрикои Шимолӣ (North American University) таҳсил намуда, ҳамчунин бо хобгоҳ ва хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд.

Гранти мазкур танҳо барои омӯзиш буда, ҳақи ба касе туҳфа кардан, нақдӣ кардани пул имконият надорад. Маблағи солонаи таҳсил (бидуни хобгоҳ ва хӯрок) дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ барои хориҷиён 12 700 доллари амрикоиро ташкил дода, гранти ба даст овардаи Литсей танҳо барои омӯзиши ин 3 хонанда, сарф карда мешавад. Ҳамчунин тибқи сертификат ва номаи расмии Донишгоҳи Амрикоӣ Шимолӣ гранти мазкур то 3 сол эътибор дошта, дар муҳлати зикршуда хонандагони литсей баъди хатми муассиса бо пешниҳоди сертификат ва номаи расмии литсей омӯзишашонро дар шаҳри Стаффорди штати Техас дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ идома медиҳанд.

Ин нахустинбор аст, ки хонандагони ин боргоҳи таълимӣ соҳиби чунин гранти бонуфузи кишвари Амрико гардиданд. Лозим ба таъкид аст, ки гранти мазкур ҳамасола аз рӯи натиҷаи бадастовардаи хонандагон дар олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ дода шуда, имсол беш аз 5 ҳазор нафар довталаб барои грантӣ омӯзишӣ буданд. Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ аз пурнуфузтарин донишгоҳи Амрико ба ҳисоб рафта, ба 10 гонаи беҳтарин донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико шомил аст. Дар МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони боистеъдод ва гуруҳи олимпӣ пурсамар ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии Литсей 180 хонандаи болаёқат шомил буда, ҳамасола хонандагони литсей дар 15 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ иштирок менамояд. Танҳо дар 4 моҳи соли таҳсили 2021-2022 хонандагони болаёқати литсей дар 8 Олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ аз ҷумла BRICSMATH, PHIZTECH, MATH-CHALLANGE, UNICEP-JUNIOR, FISO, ANTALYA дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Англия, Амрико, Руссия, Бразилия иштирок намуда дар умум 138 ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷумла :76 медали тилло, 33 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ ба даст оварда, боз ҷиҳати иштирок дар 7 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ҷиддӣ омодагӣ дида истодаанд. Омӯзиши фанҳои дақиқ аз ҷумла физика, химия, биология, география, математика дар муассисаи мазкур бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад хонандагони болаёқат ҳамасола дар Олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо забони англисӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳимоя намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд