(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии №3 филиали Бонки «Алиф» дар вилояти Суғд дар кўчаи Исмоили Сомонии ҳудуди микроноҳияи 20-уми шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, Инъомҷон Ҳоҷибоев, роҳбари шуъбаи назорати бонкдории шуъбаи Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, мудирияти филиали Бонки «Алиф» дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ширкат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд ин сеюмин Маркази хизматрасонии филиали бонки «Алиф» буда, ҳадаф аз таъсиси он боз ҳам бештар дастгирӣ намудани мардум, бахусус мизоҷони бонк мебошад.

Тибқи иттилои роҳбари Маркази хизматрасонӣ Таманно Яҳёева, Маркази навтаъсис ба мизоҷон хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ, кушодани кортҳои миллӣ ва визакорт, пешбурди суратҳисоби бонкӣ, амалиёти хазинавии муболидавии асъор ва ғайраҳоро манзур менамояд.

Алҳол ин бонк бо зиёда аз 1000 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ шартномаи тарафайнро аз 0 то 6 фисад роҳандозӣ намудааст.

Хусусияти афзалиятноки ин бонк он аст, ки сармояи он байни кормандон тақсим шудааст, яъне аксарият кормандони ин бонк саҳмдори он мебошанд ва табиист, ки барои рушди он ҷаҳд менамоянд. Чунин таҷрибаи бонкдорӣ дар Тоҷикистон бори аввал аст.

Бо ташкили ин Маркази хизматрасонӣ беш аз 100 нафар шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бо кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи Маркази хизматрасонии №3-и филилали бонки «Алиф»-ро дар соли 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, ба рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорон ва бахусус дарёфти қарзҳои истеъмолӣ ба шаҳрвандон шароити нав ва қулай фароҳам месозад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2014 бонки «Алиф» ҳамчун ташкилоти қарзии хурд таъсис дода шудааст. Новобаста аз ҳамаи хавфҳо, бо назардошти омода набудани сохтори бонкӣ ва ҷомеа, ширкат хизматрасонии наверо бо номи «Бефоиз — 0%» ба роҳ монд ва ба такмил доданаш шурӯъ намуд.

Талабот ба ин ва дигар хизматрасониҳо ба «Алиф» имконият доданд, ки рӯз то рӯз бештар инкишоф ёбад. Далелаш он аст, ки дар давоми 7 сол шумораи кормандони «Алиф» 200 маротиба зиёд гардид. Айни замон дар Алиф зиёда аз 800 нафар дар Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, ҳол он, ки соли 2014 танҳо 3 нафар корро шурӯъ карда буданд. Ҳамаи кормандон 7 арзишеро пайравӣ мекунанд, ки дар асосашон фарҳанги «Алиф» сохта шудааст. Ҳар 3-6 моҳ барои муайян кардани мувофиқати арзишҳо, кормандон аз тарафи роҳбарони худ баҳо дода мешаванд. Баҳогузорӣ ба кормандон кӯмак менамояд, то ки малакаҳои шахсии худро инкишоф дода, ҳамроҳи «Алиф» равнақ ёбанд. Пеш аз ҳама, дар «Алиф» ростқавлӣ ва ғайрату зиракӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Гуфта мешавад, ки дар «Алиф» кормандон бо принсипи меритократия фаъолият мекунанд. Ҳангоми ба кор гирифтан мақоми ҷамъиятии кормандон аҳамияте надорад, танҳо малакаҳояшон муҳиманд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд