(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” бо иштироки Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Раиси кумитаи иттифоқи ҷавонони вилоят Мирзоқосим Каримзода, муовини раиси Кумитаи иттифоқи ҷавонони вилоят Фирдавс Фахриддинзода ва Шӯҳрат Саидов, раиси Шӯрои олимони ҷавони вилоят доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбияи донишкада Зариф Довудов ҳусни оғоз бахшида, ба шарафи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи шодбошии директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ироа дошт.

Дар маърӯзаи Мирзоқосим Каримзода зикр шуд, ки баргузории ин ҳамоиш нишонаи садоқати аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони ваҳдатшиор ба иқдомҳои ватандӯстона ва миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Зеро таҷлили ин ҷашн имкон медиҳад, ки мардуми сарбаланди тоҷик бори дигар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар карда, заҳмату талошҳои Президенти мамлакатро дарк созанд. Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан иҷлосияи тақдирсоз аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тоза ва умедбахшеро ифтитоҳ бахшид. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Иҷлосия тақдири халқи тоҷикро муайян намуд. Зеро дар доираи кори он масъалаҳои муҳиму таърихие баррасӣ ва давлатдори миллиро мунаввар бахшиданд. Маълум аст, ки дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон пайваста таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, аз онҳо ояндаи миллату давлат, қишри ояндасоз, нерӯи фардосоз ва такягоҳи боэътимод ном мегиранд.

Зимни баромади Фахриддинзода Фирдавс таъкид шуд, ки то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар ҷумҳурӣ 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо шумори 245 ҳазор нафар донишҷӯ амал мекунад. Дар фосилаи беш аз 30 сол Тоҷикистон бо 33 давлати хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дар самти тарбияи мутахассисон бастааст, ки беш аз 40 ҳазор бурсияҳо дар ин ҷода дода шудааст. Бо талош ва корбариҳои Сарвари давлат ба хоири таъмини шаффофият ва адолат дар раванди қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касбӣ соли 2014 Маркази миллии тестӣ дар назди Президенти Тоҷикистон таъсис ёфт, ки имрӯз он самраи хуб ба бор овардааст.

Шуҳрат Саидов дар мавриди рӯ ба илму маърифат овардани ҷавонон андешаҳои ҷолибро баён дошта, зикр сохт, ки агар ҷавонон воқеан ҳам хоҳанд, ки пешрафтаву муваффақ бошанд, бояд фурсатро ғанимат шуморида пайи андӯхтани илм бояд шаванд. Зеро имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои тавсеаи дониш ва такмили маҳорати ҷавонон шароитҳои хубро муҳайё кардааст.

Мавсуф китоби ба тозагӣ нашр шудаи маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавони вилоятро ба Сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилоят ва ба хазинаи китобхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон эҳдо намуд.

Дар идомаи кори конфронс ба як қатор донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаҳо супорида шуд.

Аз ҷониби ҳунарварони донишкада шеъру таронаҳо баҳри болидахотирии аҳли иштирокдорон намоиш дода шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд