(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли ҷомеаи меҳнатии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ифтихор аз ватандўстию меҳанпарварӣ ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкили як нишаст Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.

Азаматхўҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид дшт, ки ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад ва ин сана барои миллат муҳиму муборак ва муқаддас мебошад. Чунки маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳои Президент ва дастоварду муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз ҷониби дигар, таҷлили Рӯзи Президент — ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат асту дар сатҳи хеле баланд таҷлил намудани он шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Он чӣ таҷрибаи таърих ба мо мегӯяд ва он чӣ аз фарёди бефарёдраси гузаштагонамон тайи ҳазор сол ба гӯш мерасад ва қалбҳоро такон медиҳад, ин ҷомаи амал напӯшидани орзуи давлатдорӣ буд, ки хушбахтона, Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ин орзу ва хостаҳои миллатро бароварда созанд ва давлати навини тоҷикро аз варта наҷот диҳанд ва ба миллат саодат ва хушҳолӣ бахшанд.

Дар ҷараёни нишаст аз аз ҷониби собиқадорон ва кормандони Марказ доир ба хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳоти гуногуни давлатдории миллӣ, бахусус таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи тандурустӣ ёдоварӣ карда шуд.

Дар анҷоми нишаст филми ҳуҷҷатӣ доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд