(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМусаллам аст, ки Президенти ҳар кишвар на танҳо Сарвари давлат, балки пойдевор ва дастгири халқ мебошад. Хушбахтӣ ва саодати мардуми тоҷик аст, ки имрўз мо соҳиби чунин раҳбар, чунин сарвар ва чунин Президенте ҳастем, ки бо тафаккури равшан, хиради барҷаста ва афкори пешқадами хеш наздики 30 сол аст, ки Тоҷикистони азизи моро ба сўи саодати бузург ва иқболи баланд раҳнамоӣ мекунанд.

Маҳз, ҳамин хидматҳои барҷаставу нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар кутоҳтарин фурсат Тоҷикистон марҳилаи душвори гузаришро сипарӣ намуда, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, сулҳу оромишро дар мамлакат таъмин намоянд. Дар сангинтарин замонҳо барои кишварамон ин марди ҷасур ба майдон баромад, то миллати тоҷикро аз вартаи нестӣ наҷот диҳад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки ҳеҷ кас умеде барои ояндаи дурахшон надошт, Пешвои миллат Тоҷикистонро ҳамчун паррандаи афсонавии Симурғ аз хокистари оташи сухтарафта эҳё кард.

Ҳосили таъмини сулҳ буд, ки кишвари мо дар кутоҳтарин фурсат аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ рў ба пешрафтҳои назаррас оварда, як марҳилаи томи рушду такомулро сипарӣ намуд. Нодиртарин меъёрҳои идоракунии ҷаҳонӣ дар низомҳои мухталифи Тоҷикистон татбиқ гардида, марҳилаи гузариш ба татбиқи равандҳои ҷаҳонии пешрафтҳои иқтисодиёт, барномаҳои бузурги таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ҳамчун се ҳадафи аввалияти рушди Тоҷикистон дар амал татбиқ шуда, барои мусоидат дар амали ҳадафи чаҳорум- саноатикунонии мамлакат имкониятҳо фароҳам омаданд.

Тарҳи сулҳи тоҷикон, ки ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд гирифта, дар саросари олам имрўз муаррифӣ ва татбиқ мешавад, бори дигар собит сохт, ки ин сулҳи деринтизор дар баробари натиҷаи заҳмату талош ва оини ҷавонмардиву ватандўстиҳои нотакрори сарвари давлати мо будан барои ҷаҳони муосир ҳамчун намунаи беҳтарини сулҳофаринӣ шинохта шудааст.

Сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, кишварҳои олам, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, олимону адибони сатҳи ҷаҳонӣ ба ин таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ бо чашми муҳаббату иродат ва ихлоси тамом назар афканда, кўшишу талош ва ибтикороти Пешвои миллати моро васфу ситоиш кардаанд. Аз ҷумла, шоир ва нависандаи Доғистон Расул Ғамзатов ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва хидматҳои Пешвои миллати мо баҳои баланд дода навиштааст: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.

Бегумон ҳамин хидматҳои бузургу барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз муҳимтарирн омилҳое гардид, ки дар тақвими миллии мо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, саҳифаҳои тозае дар раванди давлатсозиву давлатдории миллии мо боз шавад. Ин аст, ки чанд соли охир 16 ноябр ҳамчун рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин пеш аз ҳама ба хотири хизматҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибистиқололӣ ва пешрафти Ватани азизамон кардаанд, ҷараён гирифтааст.

Имрўзро тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон ҳамчун санаи тақдирсоз, муқаддас ва кафолати саодати халқу миллати тоҷик арҷ мегузоранд ва дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ талош доранд, то дар амри иҷрои барномаву ҳадафҳои нерўманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми беназири хешро гузоранд.



Фирдавс Шарифзода,
Раиси шаҳри Хуҷанд