(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну моҳияти баланд дошта, месазад онро ба таври шоиста таҷлил намоем. Хушбахтона, мардум бо гузашти ҳар сол аҳамияти онро дарк менамояд ва шинохташ аз хидматҳою ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меафзояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истеъдоди худодод, ҷасорату матонат, қобилияти сиёсии нотакрору барҷаста ҳанўз аз замони сари қудрат омадан, яъне дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафили сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати ҳақиқии халқҳои Тоҷикистон гардида, дар самти тартибу низоми давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфонии кишвар, рушди бемайлони иқтисодиёт, беҳбудии рўзғори мардум хидматҳои шоён намудаанд. Пешвои муаззами миллат яке аз сиёсатмадорони дурандешу хирадманд, ифодакунандаи талабот ва вазифаҳои давраи тақдирсози истиқлолияти миллӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои олии инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурўғ ва дурғгўён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии Пешвои даврони худро мо дида истодааем.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии иқтисоди фалаҷгардида, беҳсозии сатҳи некўаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ басо бузург аст.

Аз замони интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби роҳбари давлат зина ба зина ва марҳила ба марҳила Ҷумҳурии Тоҷикиситон рушд карда, роҳаш ба роҳи музаффариятҳост.

Аз сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру навоҳии мамлакат аён мегардад, ки мардум бо меҳру муҳаббати самимӣ ва ояндаи хурраму умедбахш ба роҳбари некмақдаму дурандеш, адолатпешаю инсонгаро менигаранд. Ҳамеша аз амалҳои созандаашон мегўянду ба адолатпарвариашон таҳсин мехонанд.

Бояд қайд намуд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи оддӣ нест, он иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хосае мебошад, ки дар ин рўз сипосгузорӣ намудан ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат маҳсуб меёбад.



Шўҳрат Саидмухторзода, Миршакар Дўстзода,
судяҳои Суди шаҳри Хуҷанд