(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишие, ки ба муносибати Рӯзи Президент баргузор гардида буданд, ҷамъбаст шуд. Мусобиқаҳо аз рӯи намуди футбол, волейбол, тениси руйи миз, шашка ва шоҳмот байни факултетхои ДДҲБСТ тибки накшаи муштараки МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон роҳандозӣ гардида он шуруъ аз 28 октябри соли 2021 дар майдону толорҳои варзишии донишгоҳ байни донишҷӯёни шаш факултет баргузор шуданд.

Зимни ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Президент ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров баромад карданд.

Иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон махсусан ҷавондухтарон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Донишҷӯёни ДДҲБСТ низ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гардидаанд, ки боиси ифтихор мебошад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои болозикр ба ғолибият шарафёб гардидаанд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд