(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз ҷониби роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳру вилоят дар МТМУ №25-и маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд бо фаъолони ин маҳалла ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти бемории короновирус мулоқоти озоду ошкоро сурат гирифт.

Азаматхўҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз бахшида аз ҷумла афзуд, ки имрӯзҳо ба назар мерасад, ки шаҳрвандон нисбат ба саломатии худ беэътиноӣ зоҳир намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ кам истифода менамоянд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд. Гузашта аз ин ягона роҳи наҷот аз беморӣ гирифтани ваксинаро фаромўш месозанд. Набояд ба ин масъала беэътиноӣ зоҳир кард.

Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд гуфт, ки вазъият дар кишварҳои ҳамсояи дуру наздик, бахусус Федератсияи Русия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тибқи омори расмӣ ҳамарӯза бар асари бемории короновирус дар Руссия беш аз 1000 нафар фавтида истодаанд. Нафароне, ки дар вақти муайяншуда ваксина нагирифтанд, имрўз бештар азият мекашанд ва ё мефавтанд. Ва баръакс нафароне, ки аз иммунизатзия гузаштаанд, бемор намешаванд ва агар шаванд ҳам онро бо шакли сабук паси сар менамоянд.

Таъкид шуд, ки гирифтани ваксина, пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ва дигар чораҳои эҳтиётӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мебошад. То пурра аз байн рафтани ин бемории сироятӣ дар ҷаҳон ҳамагонро лозим аст, ки эҳтиёт бошанд ва қойидаҳои заруриро ҷиҳати пешгирии covid-19 риоя намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд