(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар КМ “Ҷавонӣ” бо бонувони ин коргоҳи муқтадири саноатӣ мулоқот доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъулину аъзоёни фаъоли шуъбаи кор бо занон ва оила доир ба амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ, созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва мустаҳкамиву пойдории оилаҳои ҷавон андешаронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан - модар вобаста аст. Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд