(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супориш ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Хол Ҳайдар, муовини аввали Раиси вилояти Суғд ва Фирўза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд як қатор иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии кишвар аёдат карда шуданд.

Ба аёдатшудагон номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати Рўзи Конститутсия расониданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳамасола ҷашн гирифтани ин санаи муҳим эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосию сарнавиштсози давлат мебошад, ки барои рушду инкишофи кишвари маҳбубамон заминаи қавӣ гузошт. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид”.

Ба шарофати қабул гардидани ин санади муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли муаммову мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.

Аёдатшудагон Шўҳрат Назаров, собиқадори баталёни зудамал, Садриддин Абдуллоев иштирокчии барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва дигарон барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳру вилоят миннатдорӣ баён намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд