(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва тарбияи кўдакон дар руҳияи ватандўстӣ дар муассисаи таълимии томактабии №28-и шаҳри Хуҷанд машғулияти хештаншиносӣ бахшида ба Рўзи Конститутсия гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ тарбиятгирандагони муассисаи таълимӣ оид ба Конститутусия шеъру суруд хонда, гуфторҳо қироат карда, рақсҳои мавзун намуданд.

Таъкид шуд, ки Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд. Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократии ҳуқуқбунёду дунявиро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълом доштем.

Дар ҷараёни машғулият тарзу усули қабули меҳмон ва фарҳанги меҳмондорӣ аз тарафи халқиятҳои гуногун хеле ҷолиб намоиш дода шуд.

Чорабиниро намояндаи шуъбаи маориф, маъмурият ва мураббиёни муассисаи таълимии томактабии №28 мушоҳида намуда, ташкили чунин дарсҳои худшиносиро баҳри тарбияи кўдакон муфид арзёбӣ намуданд.

Зикр шуд, ки мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарваронатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрўз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд