(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша-чорабинии шуъбаи маорифи шаҳри Хучанд дар МТУҒ "Гулчини маърифат" бахшида ба тадбиқу амалисозии "Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" даҳаи забон ва адабиёти рус баргузор гардид.

Чорабинии зикршуда бо суруди "Мо аз хуни Сиёвушем..." оғоз гардида, таърихи пайдоиши ин иди ниёгон аз давраи шоҳ Фаридун бо саҳнаи театрикунидашуда мавриди тамошо қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҷамъбасти ҳафта бо иштироки намояндагони консули Федератсияи Россия дар шаҳри Хучанд Я. Н. Дмитриевич, сардори Русский дом Н. В. Быховский, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Ҷабборова М. муассиси муассиса - Зиебоев М., директори муассиса М. Муинова ва мудири кӯдакистони хусусии "Дилоро"-Ҳасанова Ш. сурат гирифт.

Дарси кушоди намунавӣ аз ҷониби омӯзгори варзидаву пешқадами фанни забони рус, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мусаббияхон Зияева бахшида ба 200-солагии нависандаи машхури адабиети рус- Ф.М. Достоевский дар мавзуи :Хониши бадеӣ."Рождественский рассказ Достоевского" дар синфи 8 гузаронида шуд.

Дар дарси ғайрианъанавӣ хонандагон ба 2 гуруҳ ҷудо шуда, оид ба ҳает ва эҷодиёти ин адиби машҳури рус маълумот дода, нашрияҳои девории омода намудаи хешро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин ҳар гуруҳ презентатсияҳое, ки дар бораи адиб мураттаб дода буданд, пешниҳод намуданд. Сипас, дар бораи ҷашну идҳои миллии мардуми русзабон маълумот дода, ҳамчунин саволу ҷавоб, гуфторҳо дар бораи нависанда, порчаҳои навор аз асари мазкур, хониши ифоданок қисматҳои асарро фарогир буданд.

Дар ҷамъбасти дарс хонандагон ҳамчунин кори гуруҳи иҷро намуда, фикрҳои худро дар расмҳои тасвиркардаашон баён намуданд. Мақсад аз баргузории чунин дарс, пеш аз ҳама, дар тинати толибилмон парваридани ҳисси баланди инсондӯстӣ, бедор намудани раҳму шафқат дар дили инсон, қадр кардани ҳамаи неъматҳо маҳсуб меравад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд