(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолзанон маросими гувоҳномасупорӣ ба духтарони лаёқатманд баргузор шуд, ки онҳо курси семоҳаи «Мактаби сарварони ҷавон» хатм намудаанд.

Муссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки боиси ифтихор ва сарбаландист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбуди вазъи занон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Барномаи тарбияи духтарони болаёқатманд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардидааст. Таҳия, қабул ва амалигардонии Барномаи зикршуда барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зўроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштирокии фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмўъи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад. Имрўз дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат карда истодаанд.

Сипас, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва ходими давлативу сиёсӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова роҷеъ ба нақши зан дар ҷомеа баромади пурмуҳтаво намуданд.

Таъкид шуд, ки воқеан ҳам имруз занони мо дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа пешсафи фаъол мебошанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ аз нисф зиёди кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Вокеан имрӯз бо дастгири ва пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи занони роҳбар меафзояд, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Роҳбари давлат ба занону бонувон боварӣ ва эътимоди калон доранд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба бисту ҳафт нафар шунавандагони курси «Мактаби сарварони ҷавон» Гувоҳномаҳо тақдим карда шуд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби хатмкунандагони курси мазкур сафи занони роҳбар боз ҳам афзуда, барои баланд бардоштани обруву нуфузи зани точик дар арсаи сиёсат ҳиссагузорӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки «Мактаби сарварони ҷавон» 7 сол инҷониб амал мекунад, то ба имруз беш аз 150 нафар духтарони фаъоли ҷомеа ба курси мазкур ҷалб карда шудаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд