(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди қатор корхонаҳои саноатии шаҳр боздид ба амал овард.

Нахуст дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр бо фаъолияти ташкилии корхонаи навтаъсиси ҶДММ “Доро инвест” ошноӣ пайдо карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати гуногунсоҳаи “Доро инвест” корхонаи коркарди мева ба тариқи хушккунӣ ба роҳ монда мешавад. Интизор меравад, баъди воридоти таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар корҳои васлкунӣ оғоз мегардад.

Дар ин минтақа аз ҳолати собиқ корхонаи «Комбинати шир»-и шаҳри Хуҷанд низ боздид карда шуд ва иттилоъ дода шуд, ки муассиси корхона бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ иқтидорҳои қаблии ин корхонаи бузургро барқарор карданист.

Таъкид шуд, ки аллакай гуфтушунид бо шарикони тиҷорӣ ба воситаи Бонки аврупоии рушд ҷараён дошта, коршиносон заминаҳои моддӣ ва ҳаҷми истеҳсолотро муайян намудаанд. Тибқи лоиҳа корхона дар якчанд марҳила азнавсозӣ гардида, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ азм хоҳад намуд.

Дар маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корхонаи ҶДММ “САТН” бунёди иншооти бузурги сеошёна бомаром идома дорад. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якум мағозаи фирмавии ширкат ва дар ду ошёнаи дигар хатҳои нави технологӣ истеҳсоли сару либоси пахтагин ба истифода дода мешаванд.

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз фаъолияти бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» шиносоӣ пайдо карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав - «Азияполитекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногун пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1, 6 бунёд гардида, маблағи сармоявии ширкат 2 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила ба 10 миллион доллари ИМА расонида мешавад, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ёдоварӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, таъкид намуд, ки ин иқдомро саноатчиёни шаҳр ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд. Дар ин замина дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” заминаҳои васеъи роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд