(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altCубҳи имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли зимистон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта пайваста ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан нархи як кило гӯшти гов 55 сомонӣ, гӯсфанд 60 сомонӣ, пиёз аз 50 дирам то 1 сомонию 20 дирам, сабзӣ 2 сомонӣ, себ 4 сомонӣ, анор 4 сомонӣ, биринҷ 8 сомонию 50 дирам ва ғайра арзиш доштанд. Як халтаи орди 50 килоиро бо арзиши 240 сомонӣ мефурӯхтанд. маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 200 тонна маҳсулотро ба харидоронро пешниҳод намуданд.

Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд