(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд тибқи ҷадвали баргузории вохўрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагон мулоқоти вакили маҷлиси вакилони вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров 3" Ҷамшед Ҷўразода бо интихобкунандагон сурат гирифт.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки тўли як ҳафта бо мақсади татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҷумла дар муддати панҷ соли оянда ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18 сола боло, бо касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтани писарону духтароне, ки пас аз хатми синфи нуҳум муассисаи таълимиро тарк намудаанд, ташкили ҷойи нави корӣ, пешгирии камшавии ҷойи кор, истифодаи сарфаркорони неруи барқ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, донишҷўён, омўзгорону устодон ба таълимоти динӣ, иштироки онҳо дар расму оинҳои динӣ ва тақлидкорӣ ба либоси бегона, инчунин дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ дар доираи таҷлили 30 солагии истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайрањо мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҷараён дорад.

Сипас, Ҷамшед Ҷўразода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров 3"зимни суханронии худ таъкид намуд, ки айи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт. Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем. Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои гузашта, аз ҷумла буҳронҳои шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мо муваффақ шудем, ки иқтисодиёти кишварро ба маҷрои рушди устувор равона созем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин раванд, мо беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар сархати фаъолияти ҳаррӯзаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем ва тавре ки ҳамватанони азизамон эҳсос мекунанд, ин сиёсатро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо устуворона идома дода истодаем. Қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Суруд ва Нишон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид. Ҳамчунин, тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул шудани санади сарнавиштсоз – Конститутсия, ки барои бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон замина гузошт, самараи даврони истиқлолу озодии давлати тоҷикон мебошад. Дар зарфи 30 сол мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона изҳор медорем, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.

Дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии “Бобоҷон Ғафуров 3” доир ба муаммоҳои гуногуни ҷомеа ва пешниҳодоти мушаххас дар самти ободонии маҳалли зист андешаҳои хешро баён доштанд.

Бояд қайд намуд, ки чунин мулоқотҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд тибқи нақша дар дигар ҳавзаҳои интихоботӣ низ баргузор мегардад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд