(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зиёда аз 150 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои марбутаи он бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳашарчиён дар хоҷагии Турсун Ӯлҷабоев ноҳияи Спитамен ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳия гузоштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Спитамен хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо истифода аз ҳавои мусоид мо бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои шаҳр барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, ҳамзамон ҷалби ашхоси бекор барои чиниши он як навъи ҷойи кори мавсимӣ низ шуда метавонад.

Раиси ноҳияи Спитамен Темур Нуъмонзода ин иқдомро хуш истиқбол намуда, таъкид дошт, ки ба ин васила ба риштаи дӯстии мардуми шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Спитамен таҳким бахшида мешавад.

Аҳли фарҳанги ноҳияи Спитамен барои ҳашарчиён барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд, ки хастагии онҳоро рафъ намуд.

Воқеан ҳам сокинони шаҳри Хуҷанд дарк намудаанд, ки дар ин шабу рӯз марди деҳқонро бо ҳосили фаровон танҳо набояд гузошт. Зеро пахта сарвати миллат аст.

Кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар як рӯзи ҳашар беш аз 4000 кило пахта ҷамъоварӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд