(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt4 руз инҷониб дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармутахассисон (мутахассисони пешбар, котибони матбуот)-и раёсатҳо (шуъбаҳо, бахшҳо)-и кор бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи “Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор шуда истодааст.

Зимни ифтитоҳи расмии курс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбек Амид Ёрбек, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералиев Раҳмоналӣ Миралиевич, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ибодат Ғанизода иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ибодат Ғанизода курсро ифтитоҳ бахшида, шунавандагонро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Мавсуф ба иштирокдорон вобаста ба шароит ва тартиботи таҳсил ва будубош дар ин боргоҳи бонуфуз иттилоъ дода, афзуд, ки курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Академия бори аввал роҳандозӣ гардидааст.

Ноиби ректори Академия Комилбек А.Ё. иброз дошт, ки дар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ дар радифи чунин навъҳои амният, аз қабили амнияти геополитикӣ, амнияти сиёсӣ, амнияти харбӣ, амнияти иқтисодӣ, амнияти демографӣ, амнияти экологӣ, амнияти маънавӣ-ахлоқӣ, амнияти иҷтимоӣ ва амсоли онҳо мақоми махсусро ишғол менамояд. Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро лозим меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд. Дар охири асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёриро ба даст овард ва имрӯз ҳамчун кишвари рӯ ба рушд муаррифӣ шудааст.

Баъдан сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералиев Раҳмоналӣ Миралиевич суханронӣ намуда, баён дошт, ки бо ёрии иттилоот комёбиҳо ва муваффақиятҳои давлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрас гардида, ба масъалаҳои мавҷуда сабукӣ ва тақвият мебахшад. Дар раванди сиёсӣ амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз ба ҳисоб меравад. Воқеияти раванди сиёсии ҷаҳонӣ водор месозад, ки ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон муносибати хосса бояд кард. Аз ин лиҳоз, ташкили курси мазкур басо саривақтӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки курси зикршуда 5 рӯз идома ёфта, барои шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони коргузории мақомоти давлатӣ, нақши интернет-ВАО дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва воридотӣ дар мақомоти давлатӣ, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, дастовардҳои ВАО дар даврони истиқлолият, идоракунии захираҳои инсонӣ, амнияти иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, ҳифзи техникаи иттилоот ҳамчун қисми таркибии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ВАО, махсусан шабакаҳои интернетӣ дар таҳкими руҳияи ватандории миллӣ, озодии баён дар Тоҷикистон, коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: манбаъ ва омилҳои он, таҳдидҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ва таъсири он ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи аломатҳои китобат дар ҳуҷҷатнигории мақомоти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулиятҳо аз ҷониби олимон ва коршиносони варзида аз қабили Абдухалил Ғафурзода, Гавҳар Шарофзода, Саъдӣ Исматзода, Силмон Мавлонназаров, Аъзам Усмонов, Миршароб Носиров ва дигарон машғулият гузаронида истодаанд.

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ гардидааст.

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд