(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар саҳни Кохи "Суғдиён"- и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ва аҳли зиё Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда шуд.

Таъкид шуд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандӯстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехурад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад.

Бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгӯи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Ашъори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам аст, дар маҷмӯъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рӯдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рӯдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ӯ зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист.

Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги адибон эътироф шудааст. Унвонҳо ва лақабҳои ифтихории қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд, ки саромади адабиёти мо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми фарсизабонони олам ва шуарои мамолики дигар чун устод пазируфта шудааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист»гуфтааст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» чун чашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрӯзаи тоҷикон ва ифтихори бепоён аз тамаддун дониста мешавад.

Барномаи консертии аҳли фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд