(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори бинои навбунёди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бўстон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баргузор гардид.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдуаҳад Ҳакимзода ҳозиринро ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият омолу орзуи деринаи халқ, неъмати пурқиматтарин, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории кишвари мост, ки номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба анҷом расиданд. Дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд ба ифтихори ҷашни муқаддасу фархундаи тамоми тоҷикону тоҷикистониён табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.

Бигузор бо шарофати ҷашни Истиқлолият пайки шодию нишот ва оромию субот дар кишвари азизамон дучанд гардад ва мардуми сарбаланди мо дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои хеш ба дастовардҳои арзанда мушарраф шаванд ва дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Президенти мамлакат бештар саҳм гузоранд.

Сипас, ба як қатор собиқадорон ва корманадони пешсафи мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ҳамчунин ба як қатор намояндагони ВАО, ғолибони озмуни умумиҷумҳуриявии эълоннамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли Истиқлолияти давлатӣ-қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» Диплом ва Сипосномаҳо супорида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд