(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Майдончаҳои варзишии нав дар Рӯзи варзишгарон.Бахшида ба Рӯзи варзишгарон маҳаллаҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Бофанда» майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифодадиҳии онҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомадагонро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, зикр намуд,ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд то интиҳои сол бояд 20 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад.
«Яке аз самтҳои асосии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рушди варзиш ва тавассути он тарғиби тарзи ҳаёти солим аст.
Мавҷудияти майдончаҳои варзишӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид бевосита дар худи маҳаллаҳо ва назди биноҳои истикоматӣ барои ноил гаштан ба ин ҳадафҳо замина мегузорад». Раҷаббой Аҳмадзода, ба сардорони бинои истиқоматӣ супориш дод,ки барои фароғати сокинони калонсол, фаъолияти маҳфилҳои гуногун аз қабили маҳфилҳои шохмот,шашка ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани майдончаҳои варзишӣ, чораҳои амалӣ андешанд.
Айни замон шумораи чунин майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии шаҳри Хуҷанд ба 11 адад расид.
Барои бунёди майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои зикргардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, кормандони истифрдабарии манзили шаҳр корҳои омодасозии онро ба анҷом расонданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои кӯдакону наврасони ҷамъомада, воситаҳои варзишӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Сокинони ҳузурдошта барои ин ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ изхори сипос намуданд.