(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altАҳли ҷомеаҳои меҳнатӣ ва фаъолони шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ а амну осоиштагӣ бо баргузории маҷлиси тантанавӣ дар Кохи фарҳангии “Суғдиён” ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, чорабиниро ҳусни ифтитоҳ анмуда, аз ҷумла афзуд, ки боиси ифтихору фараҳмандист, ки ҳамаи мову Шумо дар қатори тамоми мардуми сарбаланду тамаддунсози кишвари азизамон дар арафаи рӯйдоди муҳиму муборак тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худ, таҷлили яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллӣ, 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлол ганҷи бебаҳо, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии давлат буда, барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони азиз мебошад.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъкубӣ ҳозиринро бо ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи шоиставу ибратбахш буда, дар як муддати кӯтоҳтарин аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт ва ба дастовардҳои назаррасу дурахшон ноил гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 30 сол муқаддам дар саҳифаи таърих ҳамчун воқеаи муҳимтарин дар сарнавишти миллати тоҷик сабт гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, дар яке аз паёмашон чунин зикр доштанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, амнияти озуқавории аҳолӣ ва саноатикунонии мамлакат аз самтҳои стратегии сиёсати иқтисодии мамлакат маҳсуб меёбанд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳким бахшидан ва густариши сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Мавқеи аслии муносибатҳои Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои ҷаҳон «Сиёсати дарҳои боз» ташкил намуд ва имрӯз бисёре аз давлатҳои дунё Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол мешиносанд ва Тоҷикистон бо шумораи зиёди мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад ва халқу миллатҳои дунё онро ҳамчун давлати мустақил, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллати тоҷикро миллати сулҳофару сулҳпарвар медонанду эътироф менамоянд, ки ин ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳалли ҳадафҳои стратегии мамлакат низ шароит фароҳам сохт. Ифтитоҳи муассисаҳои таълимию тандурустӣ, қасру кохҳои фарҳангӣ, толорҳои варзишӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ далели гуфтаҳои болост.

Зикр гардид, ки ҳамаи он дастовардҳое, ки ба он ноил гардидем, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро бо ташаббусҳои бунёдкоронаю созанда, сиёсати дурусти башардӯстонаву сулҳпарварона ва иқдомҳои тақдирсози ҷаҳонии Пешвои миллат давлати мо ободу зебо ва дар раванди ҷаҳонии бунёдкориву созандагӣ саҳми бориз ва назаррас гузошта, дар ин замина обрӯ ва нуфузи мамлакатамон дар миқёси ҷаҳон меафзояд. Агар ба марҳилаи рушди 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат назар намоем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақил зуҳур кардани Тоҷикистони азиз аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Фирдавс Шарифзода афзуд, ки Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.Имрузҳо сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрўзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотиру озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Зеро ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат мебошад. Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳри бостонии Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ мунтазам вусъати тоза мегиранд. Ба истифода дода шудани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳҳо, авҷи тоза гирифтани эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурўъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастоварҳои даврони истиқлолият мебошанд. Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем. Ҳар як фарди ҷомеаро зарур ва қарз аст, ки муҳофиз ва нигоҳдори Истиқлоли давлатӣ бошад ва боэҳсоси саршори ватанхоҳию сулҳпарастӣ онро ба наслҳои оянда комилу бегазанд ба мерос гузорад.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд ба кулли иштирокдоорони маҷлиси тантанавӣ барои амалӣ гардондани нақшаву ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барору комёбӣ орзу намуда, ҷиҳати иҷрои рисолати бузурге, ки бар дӯш дорем, ҷаҳду талоши созанда ва садоқату фидокориро орзу кард.

Сипас ба яқ қатор пешсафони соҳа Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии саршор аз меҳру муҳаббат ва садоқати ватандорӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд