(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

altКормандони ташкилотҳои бинокорӣ, кулли сохтмончиёнро ба муносибати иди касбиашон - Рӯзи сохтмончиён сидқан аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод менамоям. Барои ҳар яки онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азизамон муваффақиятҳо мехоҳам.
Аслан мафҳуми созандагию бунёдкориро ҳам ба сохтани иморат, бунёди шаҳру деҳот ва ҳам ба тафаккури покизаи инсонӣ, обод кардани иморати зиндагӣ, бунёдгузории ҳаёти нав нисбат медиҳанд. Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки рӯ ба созандагӣ ниҳодани мамлакат, бунёди даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ, торафт ободу зебо гардондани манзилу макон нишони тинҷию осоиш, устувории сулҳу амонӣ ва хотири ҷамъи мардумон аст. Шукри онро мекунем, ки ин рисолат тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилоятамон Абдураҳмон Қодирӣ ва заҳматҳои арзандаи сохтмончиёни гулдаст бо мазмуну мантиқи нав идома меёбад.
Давоми чанд соли охир қомат афрохтани биноҳои таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кӯчаю роҳҳо, бунёд ёфтани даҳҳо иншоотҳои хоҷагии халқ, хиёбону гулгаштҳо, ба мисли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳмон Набиев, қасри варзиш, кӯдакистони президентӣ, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва бисёр дигар иншоотҳо, ки ба ҳусни маркази вилояти овозадори Суғд - шаҳри бостонии ҳамешаҷавони Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунад, эъҷози дастони гулофари сохтмончиён ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди моанд.
Бинокорони сарбаланди шаҳри Хуҷанд даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба вусъат додани корҳои сохтмону ободонӣ пешаи худ намуда, баҳри иҷрои ин рисолати пуршараф кӯшишу ғайрати зиёд доранд. Ин мардуми меҳнатқарину офаранда азм доранд, ки зиндагии инсонҳо ободу зеботар, шаҳр тозаву дилработар ҷилвагарӣ намоянд. Онҳо аҳд намудаанд, ки ба муносибати ҷашнгирии 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Суруди миллӣ, 600-солагии шоир мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ, 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 5 адад иншоотҳои ҳаётан муҳимро оғоз намуда, мавриди истифода қарор диҳанд.
Ба бинокорон ва кулли кормандони соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд тансиҳативу хонаободӣ, дар ҷодаи ободӣ ва хушманзар намудани диёр барори кор ва муваффақиятҳои беназир таманно дорам.
Идатон муборак, бинокорони ҳимматбаланд!