(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию фаъолияти самарок дар хизмати давлатӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Тамоми фаъолон ва сокинони шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро барои шарафёб шудан ба унвони олии Давлату Ҳукумат самимона табрику таҳният намуда, барои фаъолияти минбаъдаи созандагиву бунёдкориашон саодатмандиро орзуманданд.

Умедворем, ки унвонҳои дигари садоқатмандӣ ва ғамхорӣ ба халқу Давлат насибатон мегардад, муҳтарам Раиси вилоят!