(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо садо додани Суруди миллӣ бо иштироки сармураббияҳои муассисаҳои томактабӣ дар МТТ №29-и шаҳри Хуҷанд машварати методӣ оғоз гардид.

Дар машварат мавзуъоти гуногун, аз ҷумла роҳу усулу тарзи истифодабарии маводҳои намоишӣ, тақсимотӣ дар машғулиятҳои таълимӣ, фаъолияти кабинетҳои методӣ ва иттиҳодияи методӣ дар раванди беҳдошти сифати таълим, нақши сармураббӣ дар баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён ва ғайраҳо матраҳ шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҷараёни машғулият иштирокдорони он таҷрибаҳои пешқадами мураббияҳо ва сармураббияҳои кӯдакистонҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар анҷоми машварат аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии №29-и шаҳри Хуҷанд шеъру сурудҳои ватандӯстона манзури ҳозирин гардонида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд