(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади нигоҳдории сиҳатии саломатӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои бемории сироятии нави коронавирус ҷавонону варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар маъракаи иммунизатсияи зидди сирояти нави коронавируси СOVID – 19 фаъолона ширкат намуда истодаанд ва то ба имрӯз беш аз 5600 нафар ҷавонону варзишгарон ваксина гирифтанд.

Зикр бояд намуд, ки ҷавонону варзишгарони шаҳр дар радифи кормандони соҳаи тандурустӣ баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани маъракаи иммунизатсияи шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро низ байни ҳамсолони хеш ба роҳ монданд.

Аз тамоми сокинон даъват ба амал оварда истодаанд, ки баҳри ҳифзи саломатии хеш ва паст намудани сатҳи сироятёбӣ ҷиҳати гирифтани вояи ваксина ба марказҳои саломатии минтақаи худ муроҷиат намоянд ва дар маъракаи эмгузаронӣ фаъолона ширкат варзанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд