(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 12 нафар муҳассилини макотиби шаҳри Хуҷанд, ки дар озмунҳои дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали тилло ва нуқра комёб гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ин дастоварди мактабиёнро натиҷаи назарраси заҳмати шабонарўзии омўзгорон, волидайн ва худи хонандагон арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу соҳибмаърифат вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мактабу маориф ба шумор меравад. Бо иқдомоти пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пайвастаи мактабу маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир карда мешавад ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Давлат муайян шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои зарурӣ татбиқ гардида истодаанд. То ба имрўз заминаҳои муосири моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ бахусус кабинетҳои фаннӣ таъмин гардида, танҳо аз хонандагону омўзгорон дастоварду комёбиҳоро интизорем.

Шаҳрдор зимни суҳбати озоду ошкоро бо ғолибони озмун, аз ҷумла хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд Суман Раҳматуллоева, Дилноза Дадобоева, гимназияи №4 Фариза Мирзохўҷаева, МТМУ №28 Шаҳноза Расулзода, литсейи донишкадаи политехникӣ Анзурат Аминова, Азамат Шерматов, МТҒ “Ирфон” Маҳастӣ Иброҳимзода ва Дилноза Абдуғаффорова, гимназияи Гёте Саидҷон Бобоҷонов медалҳои тилло ва хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Машҳура Юлдошева, литсейи ДДҲБСТ Абдурасул Урунбоев ва Ҷамшед Ғаффорӣ медалҳои нуқраро дар ин озмун баъди супоридани имтиҳоноти ҷиддӣ ва шаффоф ба даст оварданд, аз идомаи таҳсили эшон дар донишгоҳҳои олӣ ва нақшаву орзуҳояшон пурсон шуда, барои ба воя расидан ва аз худ намудани касбҳои интихобкардааш ҳидоятҳо намуд. Қобили қайд аст, ки аз миёни онҳо аллакай 3 нафар ба донишгоҳҳои бонуфузи Олмон ва Федератсияи Русия дохил шудаанд.

Хонандагон барои таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосгузорӣ намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои медалҳои тилло ва нуқра 14 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд довталаб буданд. Ва аз миёни онҳо 9 нафарашон соҳиби медалҳои тилло ва 3 нафараш нуқра шуданд.

Соли ҷорӣ ҳамагӣ аз вилояти Суғд 28 нафар соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардиданд, ки 12 нафарашонро хонандагони шаҳри Хуҷанд ташкил медиҳанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ғолибони озмун медалҳои тилло ва нуқра тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд