(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСолҳои охир бо заҳмату талошҳои мардуми меҳнатқарини Хуҷанди бостонӣ ва бо азми роҳбарияти шаҳру дастгирии Давлату Ҳукумат маркази маъмурии вилояти Суғд симои нав ба бар менамояд.

Корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва роҳандозии иқдомҳои наҷиб дар ин раванд шоистаи таҳсин аст.

Чанде қабл бо супориши Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд қуттиҳои партови нуқтаи партов бо навъҳои алоҳида муайян ва дар маконҳои партовгузорӣ ҷойгир карда шуданд.

Шаҳрвандон минбаъд партовҳоро мувофиқ ба таъиноти қуттиҳо амсоли хокрўба, зарфҳои шишаю пластикӣ, оҳан, меваю сабзавот ва ғайраҳо мегузоранд, ки он минбаъд барои ба навъҳо ҷудо намудани партов мусоидат хоҳад намуд. Зеро дар ояндаи наздик дар назди КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» бунёди сехи коркарди партов ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», аллакай беш аз 120 намуди чунин қуттиҳо ташкил карда шудаанд, ки ба зебоии шаҳри бостонии Хуҷанд нақш гузоштааст.

Дар оянда низ ин иқдом аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», ки муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта ва барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳр масъул аст, амалӣ карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, ҳамарўза аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» партовҳо гирифта мешаванд. Ҳамзамон тибқи реҷаи махсус ин мавзеъҳо безарар гардонида мешаванд.

КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 31 адад нақлиётҳои партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро саривақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо вуҷуди мушкилоти пешомада, КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ҳамарӯза дар хизмати шаҳрвандон ва идораву ташкилотҳои шаҳр қарор дошта, дар самти тозаву озода ва ороста нигоҳ доштани шаҳри бостонии Хуҷанд аз тамоми василаҳо истифода менамоянд.

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки маданияти баланди шаҳрдориро риоя намуда, партовҳои хешро дар ҷойҳои муқараршуда, тибқи қуттиҳо ва навъҳои он дар вақти пешбинигардида бароранд. Мо ҳамагон дар тозагии шаҳр ва муҳити хуррами он ҳиссагузорӣ намуда, дар якҷоягӣ шаҳрамонро ободу тоза намоем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд