(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯзхо дар 6 адад марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд ва бозорҳои "Панҷшанбе" ва "Афросиёб"-и шаҳр нуқтаҳои эмкунӣ бар зидди бемории короновирус фаъол аст, то бо ин роҳ сокинон ва меҳмонони шаҳр аҳли хонавода ва коргоҳро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ доранд.

Бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ҳангоми даъват ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии макони зист барои гузаронидани ваксина ҳозир шаванд. Зеро ваксинатсия ягона роҳи наҷот аз бемории сироятии коронавирус маҳсуб мешавад.

Холатҳое ҳастанд, ки шаҳрвандон баъд аз ваксинатсия ба муассисаҳои табобативу профилактикӣ муроҷиат мекунанд, зеро ин ҳолати муқаррарӣ буда, пас аз тазриқ дар организми бархе нафарон аксуламал ба вуҷуд меояд. Вале ин ягон ҳолати нигаронкунанда надорад. Шаҳрвандон дар ин ҳолат тибқи нишондодҳои табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳа бояд аз доруҳои табшикан истифода намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд