(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСоати 4-и субҳи имрӯз, 22 июли соли 2021, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» оғоз гардид.

Дар шаҳри Хуҷанд низ бо сафарбаркунии беш аз 3000 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногуни дар ҳайати ҳайати шахсии захиравӣ буда ва ҷузъу кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи чор минтақаи шаҳри Хуҷанд: дар толори Қасри варзиш, МТМУ №19, МТМУ №16 ва литсейи касбӣ-хизматии шаҳр ҷамъ оварда шуда, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Ҳамзамон беш аз 100 техникаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳолати омодабошӣ тайёр карда шуданд.

Меҳрвари баргузории санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» дар толори Қасри варзиши Хуҷанд муайян гардида, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд подполковник Қурбоналӣ Сулмонзода чорабиниро оғоз намуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониродар бар мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки таҳлили вазъи минтақа ва ҷаҳон, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.

Бахтиёр Боқизода ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуд.

Дар ҷамъомади санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» ректори ДДҲБСТ Мўъмин Шарифзода, директори ДИСТ дар шаҳри Хуҷанд Ҳомид Ҳошимзода, профессори ДДҲБСТ Фурқат Ҳомидзода, полковники мустаъфӣ баромад намуда, зикр доштанд, ки бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем.Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳо ба ин самт мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд