(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altТибқи дастури Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ҳамарўза дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондиҳию машваратӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷараён дорад.

Ин навбат гуруҳҳои аз ҳисоби ҷавонону варзишгарон, занони фаъол ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ронандагону мусофирон ва сокинону меҳмонони шаҳр, ки дар истгоҳҳои нақлиётӣ ҷамъ мешаванд, чунин корҳои фаҳмондадиҳиро гузарониданд. Ҳамзамон зиёда аз 3000 варақаҳои иттилоотӣ тақсимот карда шуд.

Зимни мушоҳида маълум гардид, ки то ҳол бархе ронандагону мусофирон бидуни ниқоб буда, ба саломатии худ ва атрофиён беаҳамият мебошанд. Ҳол он, ки фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад.

Аз ин рӯ аз ҷониби гуруҳи тарғиботӣ мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд