(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мардуми шаҳри Хуҷанд хабари даргузашти нобаҳангоми Раҳмонова Қурбонбӣ - хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо андўҳи гарон қабул намуда, ғамшарики наздикону пайвандони модари марҳум ҳастанд.

Сад афсўс, ки марги беамон инсони накўном ва хоксору солеҳаро аз мо рабуд, ки бо хислатҳои олӣ ва мондагор, раҳнамо ва саодатмаскани халқ гардида буданд. Марҳум зани порсову оқила буда, дар зиндагӣ мисли барқ медурахшиданду бо нуру таҷаллии хеш ҳамаро вола мекарданд. Модаре буданд, аз аз табори меҳру иффат, фариштахислат, меҳрпарвар, дилсўз, ғамхор, маҳбуби ҳамагон. Дар масири зиндагии хеш ҳамеша накўкорӣ пеша намуда, дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон нақши бориз ва ниҳоят муҳимму арзишманд гузоштаанд.

Бо меҳри модаронаашон мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешумориданд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ ҳамагонро гиромӣ медоштанд, бо хурду калон муносибати пурмеҳр дошта, ҳамеша баҳри тарбияи навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеа ҷаҳд менамуданд.

Даргузашти ин инсони соҳибдиле тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони донишманду хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда барои пайвандону азизон, дӯстону ҳамдиёрон, куллии Тоҷикистон талафоти бузург ва мусибатест басо вазнин.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин лаҳзаҳои мусибатангез ва басо риққатбор ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу ақрабо ва наздикону пайвандони модари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонем.


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Хуҷанд