(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ конфронси интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Дар кори конфронс Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов, директорони мактабҳои варзишии шаҳр, собиқадорони соҳаи варзиш, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок намуданд.

Бо гузаронидани муқаррароти кори конфронс иштирокдорони он нахуст комиссияи кори конфронс ва баъдан Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷандро интихоб намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи вилояти Суғд ба вазифаи Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардидааст.

Бо райъдиҳии пурраи иштирокдорони конфронс Фирдавс Шарифзода Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.

Муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов, роҳбарияти тозатаъини Федератсияи футболи шаҳри Хуҷандро бо интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулият табрику таҳният намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки бо истифода аз имконоту зарфияти ҷавонон ва инфрасохтори шаҳри Хуҷанд дар ояндаи наздик Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ба дастовардҳои назаррас соҳиб хоҳад гардид.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд барои пешниҳод ва боварӣ ба вазифаи пурмасъулият ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Президенти Федератсияи футболи мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳори минннатдорӣ намуда, зикр дошт, ки тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бахусус футбол ба таври бесобиқа рушд менамояд. Футболи кишвари мо алҳол марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдиро пушти сар намуда, муваффақиятҳои тозаро дар чемпионатҳои минтақавию ҷаҳон соҳиб шуда истодааст.

Таъкид шуд, ки футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он на танҳо ҳамчун падидаи варзишӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шуда, датсовардҳо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон ва Осиё, бешубҳа аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар як миллат шаҳодат медиҳад.

Фирдавс Шарифзода дар анҷоми суханрониаш изҳор дошт, ки ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба бозии футбол таваҷҷуҳи хосса дошта, бо дастгирии мураббиёни соҳа ва бо ташкили тимҳои маҳаллӣ ба рушди минбаъдаи Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ҳиссагузорӣ хоҳанд намуд.

Дар анҷоми конфронс аз ҷониби Хуршед Ақдодов, муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд ба Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд медали ҷашнии 80 солагии Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд