(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи байналмилалии кўдакон ва истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кўдакистони №40-и шаҳри Хуҷанд машғулияти кушод баргузор гардид.

Дар машғулият аз ҷониби кўдакон шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб доир ба Истиқлолият, Ватан, Ваҳдат ва ғайраҳо сароида шуд ва ҳамзамон саҳнаҳои ҷолиб аз ҳаёти наврасӣ ва шуғл варзидан ба донишу касбомўзӣ пешниҳод карда шуд.

Рақсҳои мавзун табъи ҳозиринро болида намуд.

Мураббиёни гуруҳ доир ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумати мамлакат нисбати кўдакон маълумот дода, аз ҷумла зикр доштанд, ки ба шарофати файзи истиқлол дар кишвар пешрафти соҳаи маориф хеле намоён ба назар расида, кўдакону наслҳои ҷавон зери осмони софу беғубор саодати зиндагӣ доранд. Таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кўдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида дар мадди назари ҳамешагии Роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

Ба ин хотир солиёни охир ва махсусан бахшида ба 30– юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бинои якчанд кўдакистон, мактаб – интернат бунёду азнавсозӣ гардида, бинои нави хонаи кўдакон ба истифода дода шуд.

Таҳти сарпастӣ қарор гирифтани муассисаҳои томактабӣ ва мактаб-парваришгоҳҳо имконият фароҳам овард, ки сатҳи таълиму тарбия ва шароити зиндагонии кўдакон рў ба беҳбудӣ оварад.

Машғулият аз ҷониби намояндаи шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таълимӣ мушоҳида ва баррасӣ карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд