(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТТ №13-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарбияи кўдакон дар рўҳияи ватандўстӣ, ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, меҳру муҳаббат доштан ба Тоҷикистони азиз бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти кушод таҳти унвони «Истиқлолият неъмати бебаҳост», ки саршор аз маънии худшиносиву ватанпарварӣ буд, баргузор гардид.

Мураббияи гуруҳи омодагӣ ба мактаб М. Алиҷонова бо ҳисси баланди меҳанпарварӣ дар бораи муқаддасоти миллӣ, арҷ гузоштан ба Ватану миллат, мафҳумҳои меҳнапарварӣ ба кўдакон маълумоти муфассал дод.

Сипас дар иҷрои кўдакон суруду рақсҳои мавзун пешниҳод карда шуд. Шеъру тарона ва гуфторҳо дар бораи Тоҷикистон, Ватан, миллат, Ваҳдат, Президент, Парчам ироа карда шуд.

Зикр гардид, ки имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.

Мо - хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем. Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад.

Ҷараёни машғулият аз ҷониби намояндаи шуъбаи маориф ва маъмурияти МТТ №13 мушоҳида ва баррасӣ карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд