(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altХушбахтии даврони кўдакиро таъмин месозем

Кўдакони азиз ва наврасони меҳрубон!

Аз рўи анъана ҳар сол рўзи якуми июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад.

Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост. Мо онҳоро бояд дўст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кўдакон ҷой диҳем.

Аз ин рў, ин санаи некро ҳамчун рўзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кўдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо ва дар симои ҳар як кўдаки диёри мо ба кўдакони тамоми сайёра самимона табрик мегўям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.

Воқеан, кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Ҳоло дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кўдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кўдакон заминаи устувор фароҳам меоварад.

Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кўдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ў аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон табақаи аҳолӣ аз ғамхорию парасторӣ берун нест. Маҳз пойдории сулҳу салоҳ аст, ки рўзгорамонро рў ба беҳбудӣ оварда истодааст. Инчунин ба кўдакони ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса рўз аз рўз бештар мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дастгирии модару кўдак, тарбияи ҷисман ва руҳан солими онҳо ғамхорӣ ва диққати махсус медиҳанд, ки кўдакон айёми беғаши умрро хуш гузаронанд ва аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд.

Дар шаҳр барои модару кўдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи кўдакистонҳо, таъсиси кўдакистонҳои хусусӣ, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизои солим, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд.

Боиси фараҳ аст, ки пас аз чанд моҳи дигар мо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро таҷлил менамоем. Истиқлолият сарчашмаи хушбахтиву хушрўзӣ ва сарбаландиву ифтихори тамоми мардуми кишварамон аст. Вазифаи шумо – кўдакону наврасони азиз ҳамчун насли хушбахти даврони истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат дар навбати аввал азхуд кардани илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир, хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон, хусусан падару модарон иборат мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи кўдаконро, бори дигар ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми шумо– кўдакону наврасони азиз дар оянда сазовори номи баланди фарзандони фарзонаи миллати тоҷдори тоҷик мегардед.

Ба ҳамаатон саломативу хушбахтӣ ва ба кишвари азизамон сулҳу оромӣ ва осмони соф орзумандам.

Айёми хуши кўдакӣ муборак бошад!