(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №8-и шаҳри Хуҷанд чорабинии адабӣ фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳумоюн бод, Истиқлолияти Тоҷикистон!» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб дар васфи Истиқлолият, Ватан, миллат, Ваҳдат, Президент пешниҳоди ҳамагон гардонида шуд.

Таъкид гардид, ки мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Яъне таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд. Дар пешорӯи давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо пурмасъулияту бузург, пеш аз ҳама, ҳифзи марзу бум, ягонагиву иттиҳоди миллӣ, барқарор намудани иқтисодиёти харобгашта, бунёди пояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву судманд бо кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир қарор гирифта буданд. Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити рақобати шадиди сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ аз роҳбарияти олии давлат сиёсати дурандешонаву пайгирона ва аз аҳли ҷомеа сабру таҳаммул, ягонагиву якдигарфаҳмӣ ва сарҷамъиро тақозо менамуд.

Дар роҳи берун кашидани кишвар аз гирдоби даргириҳои сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ мехостам нақши созандаи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми хосаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст.

Зикр гардид, ки Давлату Ҳукумат ба насли ҷавони Ватани азизамон эътимоди комил дорад, зеро ҷавонони саодатманди замони истиқлолият чароғи афрӯхтаи падаронро фурӯзон нигоҳ медоранд ва бо нури он роҳи худро дар пешрафти давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон равшан месозанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд