(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии “Мисгарию оҳангарӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳунарманди шаҳри бостонии Хуҷанд маҳсули эҷоду кори хешро пешниҳод намуданд.

Мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойник, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак, харбузатарошак, рангдон, қаламдон ва ороишоти занонаю мардона тайёр мекарданд. Бо сабаби мулоим буданаш мис барои мунаққашсозӣ хеле мусоид аст. Хусусияти хос ва хеле муҳими нақши тоҷикии зарфҳои мисӣ аз он иборат аст, ки ҳар нақш номи алоҳида дорад. Барги бед, барги маҷнун, бодом, бодоми сарбаргӣ, бодоми сармадохил, бодоми пушти моҳӣ, бутта, гулдона, гули ғӯза, мадохили дурафтора, мадохили якрафтора, гулъизори ироқ, ислими бодом, себарга, гули ихтиёр, гули нав ва ғайраҳо аз ҳамин қабил мебошанд. Нақшу нигори зарфҳои мисӣ дар зарфҳои сафолӣ, сангӣ, тиллоӣ, нуқрагӣ, биринҷӣ, чӯбӣ ва ёдгориҳои меъморӣ низ ба назар мерасанд.

Мисгарон коркарди маҳсулоти мисиро дастӣ иҷро менамуданд. Зарфҳои калони мисиро дар аввал ҷудо-ҷудо омода сохта, баъд онҳоро бо усули кӯбидан бо ҳам васл мекарданд. Пас аз пайванд кардан зарф пурра тоза карда мешуд. Сипас кандакорон, ки онҳоро наққош меномиданд, ба кандани нақшҳо шурӯъ мекарданд.

Тибқи баҳои аъзои ҳакамот дар бахши “Оҳангарӣ” Отаҷон Қобилов ва дар бахши “Мисгарӣ” Раҳматулло Абдуллоев ғолиб дониста шуда, барои иштирок ба озмуни вилоятии “Мисгарию оҳангарӣ” роҳхат дода шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мақсад аз ташкил ва доир намудани чорабинии мазкур муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва баровардани маҳсулоти мисгарию оҳангарӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд