(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа мақсади баланд бардоштани шавқу завқи кўдакон ба хондан, донишомўзӣ ва саводнокӣ дар МТТ №22-и шаҳри Хуҷанд машғулияти кушод бо ҷалби кўдакони хурдсол таҳти унвони “Ҳидоят ба олами дониш” баргузор гардид.

Машғулият бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.Мураббияи гуруҳ Мунира Мирова бо истифода аз технологияи муосир ва усулуҳои интереактивии таълим ба кўдакон тарзи саводомўзӣ ва аҳамияти донишу соҳибкасббуданро омўзонид.

Таъкид шуд, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги олии китобу китобдорӣ буда, ба ҳама гуна осори хаттӣ арҷу эҳтиром гузоштаанду мегузоранд. Китоб барои миллати тамаддунофари мо ва аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст. Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд. Бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва дар гирудори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад.

Мояи ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неки китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва анвои дигари китобҳо вусъати ҳамаҷониба меёбанд ва соҳаи китобдорӣ дар мамлакат беш аз пеш рӯ ба инкишоф меорад.

Машғулият шавқовар гузашт ва аз тарафи намояндаи шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таълимӣ таҳлил ва баҳогузорӣ карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд