(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд намоиши либосҳои мактабӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони шаҳру навоҳии вилоят ташкил гардид, ки дар он аз тарафи 38 адад корхонаҳои саноатии вилоят маҳсулоти анвои гуногуни либоси мактабӣ, пойафзол, тагпўшҳо, либосҳои варзишӣ, ҷуробҳо, либосҳои расмӣ, ки истеҳсоли ватанӣ буданд, пешниҳод карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши либосҳои мактабӣ боздид намуда, барои истифода бурдани дастовардҳои нави илму техника ва технологияи муосир дар истеҳсолот, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати маҳсулот ва марҳила ба марҳила зиёд кардани истеҳсоли либосҳои мактабӣ тавсияҳои судманд дод. Таъкид карда шуд, ки бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ соҳаи саноати сабуки вилоят рушд ёфта, захираву имкониятҳо дар самти истеҳсоли либосҳои гуногун фаровон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд 62 адад корхонаи саноатӣ бо истеҳсолу дӯхти либосҳо машғул буда, соли гузашта 328 207 дона либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят беш аз 565 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, таъмини ҳамаи хонандагон бо маҳсулоти ватанӣ дар авлавият қарор дорад.

Соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли 841 000 дона либоси мактабӣ ба нақша гирифта шуда, умед аст, ки нақшаи солонаи истеҳсоли либосҳои мактабӣ иҷро ва муҳассилин пурра бо маҳсулоти ватанӣ пурра таъмин карда шаванд. Нишондиҳандаҳои чор моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ итминон мебахшад, ки саноатчиёни вилоят нақшаи пешбинишударо иҷро мекунанд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки либоси ягонаи мактабӣ тафовути иҷтимоии байни хонандагонро аз байн мебарад ва шогирдони мо бо дарки масъулияти баланд собитқадамона дар ҷодаи илму донишомўзӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Боиси зикр аст, ки илова бар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ молу маҳсулоти корхонаҳо ба хориҷи кишвар низ содирот хоҳад шуд. Аз ҷумла, корхонаи "Нассоҷи Хуҷанд" тибқи дархост ба Ҷумҳурии Беларус 25 000 дона либос ирсол менамояд ва интизор меравад, ки теъдоди фармоишҳо боз афзун гардад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулини соҳа даъват ба амал овард, ки ҷиҳати афзун намудани номгўйи истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ азм намуда, барои дастгирии корхонаҳои ватанӣ тадбирҳо андешида шавад. Таъкид шуд, ки бояд аз имконоти ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд фаровон истифода бурда шавад, зеро дар ин корхона аз маҳсулоти хом то риштаю матоъ ва либоси тайёр технология фароҳам оварда шудааст. Таъминоти мактабиёни вилоят бо либосҳои ватанӣ барои афзун шудани ҷойҳои корӣ бахусус барои барои бонувон мусоидат хоҳад намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд