(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altСубҳи имрўз бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони «Даргоҳи умед»-и Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ таъкид дошт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва ташаббусҳои пайгиронаю дурбинонаи Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон равобити дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ густариш дода шуда, то ин давра якчанд Созишномаю Шартномаҳои дуҷониба, ки ба нафъи ҳар ду давлат нигаронида шудааст, ба имзо расидаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо дарки амиқи масъулияти баланд ҳифзи робитаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таъмини рушди пойдор ва шукуфоӣ дар ду кишвар, тавсеаи бештари робитаҳои боэътимод ва созанда, густариш додани муносибатҳои рӯзафзуни шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопонро баръало эҳсос менамояд.

Таъкид шуд, ки сокинони кишвари маҳбубамон аз азал инсонпарвару мардумдӯстанд ва ҳамдигарро ба накӯкорӣ даъват менамоянд. Масъалаи ба ғамхорӣ фаро гирифтани шахсони имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои камбизоат дар сатҳи давлатӣ ҳаллу фасл гардида, ин қабил ашхос дар паноҳи давлатанд ва кафолати зиндагии арзандаи онҳоро давлату Ҳукумат ба дӯш дорад.

Ифтитоҳ гардидани Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони «Даргоҳи умед»-и Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» дар шаҳри Хуҷанд, ки лоиҳаи сохтмони маркази мазкур бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид, далели эътибору таваҷҷўҳи Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳое, ки бо амри тақдир маъюбанд маҳсуб меёбад. Маркази мазкур имкон дорад дар як вақт ба 35 нафар кӯдакон ройгон хизмат расонад.

Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ин баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии занону мардон, кӯдакону наврасон ва маъюбон дар ҷомеа, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва хушунат дар оила, пешгирии никоҳи хешутаборчигӣ, додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба оилаҳои носолим ва табақаҳои ниёзманди ахолӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии онҳо, ташкил ва инкишофи барномаҳои хайриявӣ ва ғайра буда, дар тӯли фаъолияти начандон зиёди хеш тавонист ба дастовардҳои баланд ноил гардад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки баҳри ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани ашхоси имконияташон маҳдуд дар партави вазифагузориҳои доимии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд доимо тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Яке аз тадбирҳои андешидашуда нисбати онҳо ин пеш аз ҳама мунтазам зиёд намудани нафақапулии маъбон, додани имтиёзҳо дар ҳама соҳаҳо, мавриди аёдат қарор гирифтани ин гуна ашхос ба ҳисоб меравад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита аз истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз дошт, ки маркази мазкур минбаъд ба табобату фароғат ва таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд мусоидат хоҳад кард ва кишвараш дар оянда низ барои амалисозии лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоидошта ҳиссагузорӣ хоҳад намуд.

Сипас меҳмонон аз вазъи хизматрасонӣ дар Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони «Даргоҳи умед»-и Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд