(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кўдакистони хусусии «Дилоро» дар гуруҳи омадагӣ ба мактаб машғулияти намунавӣ бахшида ба 30 - солаги Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлол-тантанаи хирад ва андешаи миллат» баргузор гардид.

Машғулият аз ҷониби мураббияи гуруҳи омодагӣ ба мактаб Хуршеда Муҳиддинова баргузор ва кўдакон дар васфи Истиқлолият шеъру суруд ва таронаҳои дилнишин сароиданд.

Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои расидан ба қадри Истиқлолият, яъне неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани қарзу рисолати фарзандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.

Машғулият аз ҷониби намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти муассиса мушоҳида ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дода шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд