(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кўдакистони №28-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти муштарак гузаронида шуд.

Машғулиятро мураббияи гуруҳи калон Сурайё Хоҷамқулова гузаронид. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз гузаронидани машғулият дар руҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани кўдакон мебошад. Қарзи шаҳрвандии мо ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва арҷ гузоштан ба он аст. Ҳар як сарвати моддӣ ва маънавӣ бояд чун гаҳвораки чашм нигоҳдорӣ карда шавад. Дар вақти машғулият кўдакон фаьолона иштирок намудаанд.

Инчунин фаъолияти мусавварӣ бо кўдакон гузаронида шуд ва онҳо бо иҷрои амалҳои тасвирӣ ба дунёи рангини зебоипарастӣ раҳнамоӣ карда шуданд.

Машғулият аз ҷониби намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти кўдакистон мушоҳида ва таҳлил карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд