(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ибтикорот ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаҳои ба номи Муҳиддин Аминзода ва Содирхон Ҳофизи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд мумфарш карда мешаванд.

Ба ин муносибат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози корҳои мумфаршкунӣ бо сокинони маҳалла суҳбат карда, иброз дошт, ки бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари вилоят бунёдкориҳо ҷараён дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо сокинони меҳнтқарини вилоят барои истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаҳои ба номи Муҳиддин Аминзода ва Содирхон Ҳофиз ба масофаи беш аз 1,3 км мумфарш карда мешаванд. Роҳи ин кӯчаҳо солҳои зиёд инҷониб ба таъмир ниёз дошт ва ҳамакнун он мумфарш хоҳад шуд. Кўчаҳои мазкур дар ҳаёти хоҷагии халқи шаҳр аҳамияти муҳим доранд, зеро кўчаи Муҳиддин Аминзода роҳ ба бозори марказии «Панҷшанбе» мебарад ва дар кўчаи Содирхон Ҳофиз муассисаи давлатии хона-осорхонаи этнографии ҳавлии расмии «Эргашбойбача» ҷой гирифтааст, ки барои равуои бемайлони сайёҳони дохиливу хориҷї шароити арзанда муҳайё менамояд.

Сокинони маҳалла барои иҷрои кори хайр ба роҳбарияти вилоят миннатдории худро баён дошта, таъкид карданд, ки баҳри ободии диёр ҳамеша саҳми худро мегузоранд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд