(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва омўзиш ва шавқ пайдо намудан ба касбу ҳунари аҷдодӣ дар қудакистони №36-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти кушоди ҳунаромўзӣ баргузор гардид.

Он аз ҷониби мураббияи гуруҳи омодагӣ ба мактаб Гулнора Неъматова бо усулҳои муосири таълим баргузор гардида, ба тарбиятирандагон ҷиҳати таҳия ва сохтан зарфҳои рўзгор бо такя ба ҳунарҳои мардумӣ машғулияти шавқовар ва омўзанда гузаронда шуд.

Таъкид шуд, ки нигаҳдоранда ва тараққидиҳандаи ҳунарҳои мардумӣ маҳз насли навраси соҳибмаърифатамон мебошанд. Итминони комил дорам, ки онҳо минбаъд низ дар амалӣ намудани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат барои ободонии Ватан ва пешрафти он саҳм мегузоранд.

Машғулият аз ҷониби намояндаи шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таълимӣ мушоҳида ва бахогузорӣ крада шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд