(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бахшида ба ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кўдакистони№4-и шаҳри Хуҷанд машғулияти намунавӣ аз расмкашӣ дар мавзуи «Манзараҳои Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ҷараёни машғулият намунаи табиати нотакрор Тоҷикистон тасвир шуда, ба кўдакон оид ба аҳамият ва нотакрории манзараҳои дилфиреби кишвари маҳбубамон зикр гарда шуд. Ба ин васила дар вуҷуди кўдакон меҳру муҳаббати Ватан ва сарзаминро бедор намуданд.

Машғулият аз ҷониби намояндаи шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи томактабӣ мушоҳида шуда, он мавриди таҳлил қарор гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд